Ҷаласаи солонаи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- 10 январ, дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳарсолаи ҳисоботӣ баргузор гардид.Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимов вобаста ба ин воқеа зикр намуд, ки мақсад аз фаъолияти Академия дар соли 2013 роҳандозии 33 тадқиқоти амалӣ ва тарҳрезии 15 технология аз рӯи самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ мутобиқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши илму технологияҳо барои солҳои 2011 – 2015» ва ҳафт барномаи соҳавии давлатӣ, ҳамчунин беҳдошти танзими тадқиқоти илмӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ, дарёфту истифодаҳои манбаҳои ғайрибуҷетии маблағгузории тадқиқоти илмӣ ва рушди байналмилалии илмӣ буд.«Дар давраи ҳисоботӣ олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1250 асар, аз ҷумла 166 рисола, маҷмӯаю китобҳо ва 186 мақоларо дар ҷумҳурӣ, кишварҳои ИДМ ва мамлакатҳои хориҷи дур дарҷ намуданд», — афзуд Фарҳод Раҳимов.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






