Ҷаласаи вакилони Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон
Душанбе, 25 январ (АМИТ «Ховар»).- 21 январи соли 2014 дар шаҳри Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо ҷаласаи Гурӯҳи дӯстии вакилони Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон барпо гардид. Дар ҷаласа вакили Парлумони Аврупо, узви ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ хонум Элизабет Йегл таъкид намуд, ки мақсади асосии гурӯҳи дӯстӣ ин тавсеа ва таъмиқи робитаҳои бисёрсамтаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ тавассути механизмҳои парлумонӣ мебошад. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар суханронии худ дар бораи вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, имконоти рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба имкониятҳои робитаҳои дуҷонибаи минбаъда бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, гидроэнергетикӣ, маориф ва сайёҳӣ маълумот дод. Вакилони Парлумони Аврупо ба сатҳи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, пешниҳодҳои судмандро ҷиҳати истифодаи механизмҳои парлумонӣ дар тавсеаи робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баён карданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






