Ҷамъбасти фаъолияти Агентии суғурта дар як сол
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти яксолаи худро баргузор кард.Тавре ки дар ин бора аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа хабар доданд, дар ҷаласа муовини директори агентӣ Н. Одинаева оид ба натиҷаи фаъолияти агентӣ дар соли 2013 маърўза кард. Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ, андози иҷтимоии инфиродӣ, таъйин ва пардохти нафақаю кумакпулиҳо, пардохти маблағҳои андухтӣ, бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Директори агентӣ Р. Ҳакимов дар мавриди ҳалли масоили ҷамъбасти соли 2013 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2014, аз ҷумла иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ, бартараф намудани қарзи андози иҷтимоии инфиродӣ, шаффофияти таъйину пардохти нафақа, таҳлили дурусти талаботи нафақа, ба роҳ мондани ҳамкории судбахш бо мақомоти андоз, оҷонсиҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.Дар кори ҷаласа мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат А.И.Ёрбобоев, намояндагони Вазорати молияи ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ширкат варзиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






