Ҷамъбасти натиҷаи созишномаи ҳамкорӣ
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ натиҷаи чорабиниҳоеро, ки дар давраи солҳои 2011 – 2013 дар ҳошияи Созишномаи дусолаи ҳамкорӣ роҳандозӣ шудаанд, ҷамъбаст намуданд.Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимов зимни суханрониаш дастгирии доимии техникӣ ва кӯмаки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши тансиҳатиро, ки мақсад аз он таҳким бахшидани низоми тандурустии кишвар аст, ба таври махсус қайд намуд. Роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу дар навбати худ зикр намуд, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати ҶТ дар ҳошияи созишномаи Дусолаи ҳамкорӣ барои солҳои 2011 – 2013 кори зиёдеро анҷом доданд. Мавсуф натиҷаҳои назаррас ва беҳдошти низоми тандурустӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз қабили таҳкими системаҳои тандурустӣ, бемориҳои ғайрисироятӣ, эълон шудани тарзи солими зиндагӣ, бехатарии тансиҳатӣ ва муҳити зист ва ғайраро қайд намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






