Ҷасади қурбониёни Волглград ба Ватан баргардонида шуд
Душанбе, 3 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Субҳи имрӯз, соати 7:20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ҷасадҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хатсайри №622-и «Тоҷик Эйр» ба Ватан баргардонида шуданд. Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағоева, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ва дигар сохторҳои зертобеи он, инчунин хешу табор ва наздикони фавтидагон ҷамъ омада буданд. Аз ҷониби вазири меҳнат ҷиҳати кӯмак расонидан дар маросими дафн ва ба хоксупории онҳо ба сохторҳои вазорат супориш дода шуд. Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандон Назаров Тошпулот Эргашевич, соли таваллудаш 1960, аз шаҳри Турсунзода ва Рахмонали Ғозиеви- 42 сола аз шаҳри Душанбе дар натиҷаи таркиши рӯзи 29 декабр дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия ба ҳалокат расида буданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






