Ҷасади шаҳрвандони ҳалокшударо ба ватан меоранд
Душанбе, 2 январ. (АМИТ «Ховар»).- Хешовандони шаҳрвандони Тоҷикистон Т.Ғозиев ва Р.Назаров, ки бар асари таркиш дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия ҳалок шуданд, ҳар кадом ба ҳайси ҷубронпулӣ беш аз 2 миллион рубл мегиранд. Роҳбарияти шӯъбаи кӯмаки иҷтимоии Ҳукумати вилояти Волгоград зимни мулоқот бо корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Нусратулло Исматов ва раиси созмони ҷамъиятии тоҷикон дар шаҳри Волгоград Саидаҳмад Маҳмадов дар ин бора хабар дод.Тавре ки аз муассисаи мазкур иттилоъ доданд, аз ҷумлаи маблағи зикршуда 1 миллион рублро ҳукуматдорони федералӣ, 1 миллион рублро ҳукуматдорони минтақавӣ, 50 ҳазор рублро маъмурияти шаҳри Волгоград ва 18 ҳазор рублро ҳукуматдорони федералӣ барои дафни ҳалокшудагон ҷудо кардаанд.Ба ватан овардани ҷасади ҳалокшудагон барои имрӯз, 2 январ, пешбинӣ шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






