Ҷазо ба 4381 нафар роҳбар ва соҳибкори марказҳои савдо
Душанбе, 30.01. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бинобар риоя нагаштани оддитарин меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, аз тарафи роҳбарону масъулон ва соҳибкорону савдогарони бозору марказҳои савдо, танҳо дар давоми соли 2013 дар бозору марказҳои савдои ноҳия ва шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ 13 ҳодисаи сӯхтор бо зарари умумии 1 млн.847 ҳазору 365 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, маҳз бо чунин сабаб шаби 12 январи соли 2014 дар бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб низ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он 96 мағоза ва 382 дӯкону нуқтаи савдо дар масоҳати 3028 метри мураббаъ бо зарари умумии 3 млн. 30 ҳазору 818 сомонӣ сӯхта корношоям гашт. Маблағи молу мулки аз тарафи оташнишонон аз нобудшавӣ дар ин сӯхтор эмин дошта 42 млн. 97 ҳазору 665 сомониро ташкил намуд.
Бинобар ин, бо мақсади назорати риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста ба аҳамият ва ҳолати хавфи сӯхтор, дар асоси супориши роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои тарҳрезӣ намудаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД (СХДО), аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонӣ (ХДО), милитсия, мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, барқ ва дигар хадамоту мақомоти дахлдор гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода шуданд.
Ҳамчунин 5653 нафар масъул ва тоҷиру савдогар аз тарафи кормандони ХДО ВКД бо талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва тартиби истифодаи воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ дар амал омӯзонида шуд. Барои дидаву дониста ва мунтазам вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба 4381 нафар роҳбару масъул ва соҳибкору савдогари бозору марказҳои савдо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 714300 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






