Ҷоизадорон номбар шуданд
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар»).- Федератсияи футболи шаҳри Душанбе дар маросими вохӯрӣ бо кормандони фаъоли шаҳр натиҷаи солро ҷамъбаст карда, ҷоизадорони мавсими гузаштаро номбар намуд. Ҳамлагари дастаи «Султони Кабир» Далер Наимов унвони бозингари беҳтарини пойтахт дар соли 2013 – ро ба даст овард. Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев дар бораи кори дар соли 2013 иҷрошуда ва дурнамои мавсими оянда гузориш дод. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Федератсияи футболи пойтахт дар мавсими гузашта барои рушди футболи бачагона ва оммавӣ, футболи хурд, футболи донишҷӯён ва мусобиқоти дигар саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ дод.Роҳбари дастаи «Султони Кабир» Давлат Саидов мураббии беҳтарин дар шаҳри Душанбе, Ҳикмат Фузайлов аз Академияи «Истиқлол» довари беҳтарин дониста шуда, мураббии дастаи «Энергетик» Одил Каримов бо мукофоти «Барои саҳм ба рушди футболи бачагона» сарфароз шуд. Бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи «Бонки миллӣ» Шерзод Ҷумъаев унвони беҳтарин бозингари футзали шаҳри Душанберо ба даст овард. Собиқ ҳамлагари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Холмурод Зардов сазовори довари сол дар пойтахт гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






