139 медали хонандагон аз олимпиадаҳои байналмилалӣ
Душанбе, 13 январ. (АМИТ “Ховар», Зарангези Латиф).- Иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ афзуда, хонандагони болаёқат аз олимпиадаҳои байналхалқӣ соли 2013 сазовори 139 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд,- зикр шуд имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.Инчунин гуфта шуд, ки аз 13 то 19 январи соли 2013 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳуриии Қазоқистон Олимпиадаи байналхалқии жаутиковӣ аз фанҳои физика, математика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид, ки дар он 28 нафар хонандагони тоҷик иштирок намуданд. Дар ин олимпиада хонандагони мо сазовори як медали тилло, 3 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамчунин 8 нафар хонандагон аз мактаби президентии шаҳри Чкалов (2 нафар, 1 лоиҳа), литсей-интернати президентии шаҳри Душанбе (2 нафар, 1 лоиҳа) ва 4 нафар хонандагони литсейи №4-и шаҳри Ваҳдат ба номи Т. Собиров бо ду лоиҳаи илмӣ аз фанни математика дар Олимпиадаи байналхалқии Жолдосбеков иштирок намуда, 4 лоиҳа сазовори ҷойи сеюм, 8 нафар хонандагон сазовори Дипломи дараҷаи 3 ва медалҳои биринҷӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ, дар давоми соли хониши 2012-2013 хонандагони болаёқат тавонистанд, ки дар олимпиадаҳои байналхалқии фаннӣ (физика, математика, химия, биология, технологияи информатсионӣ), лоиҳаҳои био-экологӣ, менделеевӣ, Роҳи абрешим, жаутиковӣ, Олимпиадаи байналхалқии наврасон, ки дар давлатҳои Амрико, Босния, Голландия, Туркия, Русия, Қазоқистон, Руминия, Озарбойҷон, Гурҷистон доир гардиданд, иштирок намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






