15 ҳазор $ барои вазифа
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Сардори дидбонгоҳи гумрукии терминали Раёсати минтақавии гумрукӣ (РМГ) дар шаҳри Душанбе Анвар Хоҷаев ва сарнозири дидбонгоҳи гумрукии «Регар»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Шарифхон Носиров барои мусоидат намудан дар кори ба вазифаи сарнозири дидбонгохи гумрукии «Регар»-и РМГ дар шаҳри Турсунзода таъйин намудани як нафар 15 000 доллари ИМА ҳамчун пора талаб намудаанд. Тавре ки сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 21 январи соли равон ҳангоми гузаронидани ҳаракати тафтишотию фаврӣ Шарифхон Носиров, баъд аз гирифтани пора ба маблағи 13 000 ҳазор доллари ИМА дастгир шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ гирифта шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






