215 нафар аз се давлат муҷозот гирифтанд

Январь 25, 2014 11:27

Хоруғ, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Соли 2013 Раёсати гумруки ВМКБ бо мақсади коҳиши қонуншиканӣ ва қочоқи молу коло 279 парвандаи маъмурӣ боз намуд ва дар маҷмуъ 215 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷарима шуданд.  Сардори Раёсати гумруки вилоят ҳамчунин зикр намуд, ки дар соли гузашта 70 ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии сигарет, оби ҷав, арақ ва яроқ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ошкор ва мусодира шуд. Дар баъзе аз навоҳии вилоят, ки бо кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳаммарз мебошанд, дидбонгоҳҳои нав бунёд гардиданд. Ду дидбонгоҳи дигар дар Қулма ва Қизилар чанд сол боз фаъолият дорад.

Январь 25, 2014 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш