273 иҷозатнома барои ширкатҳои сохтмонӣ

Январь 23, 2014 16:20

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Соли 2013 ба ширкату ташкилотҳои сохтмонии ҷумҳурӣ барои фаъолияти сохтмонию меъморӣ, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, 273 иҷозатнома дода шуда буд. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов дар ин бора ба журналистон хабар дод. Ташкилотҳои сохтмонӣ барои таҷзияи давлатӣ 627 лоиҳаро пешниҳод намуданд, ки аз ҷумлаи онҳо 615 лоиҳа мавриди таҷзия қарор гирифта, 9 лоиҳа мавриди баррасӣ шуда ва 3 лоиҳа лағв гардидааст.

Январь 23, 2014 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш