44 ҳодисаи сӯхтор дар як ҳафта
Душанбе, 7 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Ҳафтаи гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи сўхтор бо хисороти молии умумии 84109 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Масоҳати умумии сўхтор 1048 метри мураббаъро ташкил дода, маблағи аз сўхтор эмин дошта ба 4157440 сомонӣ баробар мебошад. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқию газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ ва ғайраҳо мебошанд. Тавре ки аз Хадамоти давлатии отшанишонӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, аз шумораи сӯхторҳо 10 ҳодисаи сӯхтор дар вилояти Суғд, 10 ҳодиса дар вилояти Хатлон, 14 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 3 ҳодисаи сӯхтор дар Ҳисору шаҳри Ваҳдат рух додааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






