50 ҳазор мошини дуздӣ аз Аврупо дар як сол
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов оид ба масъалаи 200 мошини гаронарзише, ки гӯё аз Олмон рабуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфт шудаанд, ибрози назар намуд.Н. Раҳматов афзуд, ки мошинҳо пеш аз он ки ба Тоҷикистон ворид шаванд, ҳадди ақал тавассути 6 кишвари дунё убур мекунанд ва дар ҳар кишвари дунё 2 маротиба аз боҷи гумрукӣ мегузаранд. Ҳамаи мақомати гумруки ин кишварҳо ба маркази иттилооти Интерпол дасрасӣ доранд ва аҷоибаш ин аст, ки то расидани мол ба кишвари таъйинот аз кишварҳои транзитӣ ҳангоми ба расмиятдарории гумрукӣ, ин молҳо ба рӯйхати молҳои дуздидашуда шомил нестанд.Тибқи маълумотҳои оморӣ беш аз 50 ҳазор мошин ҳамасола аз Аврупои ғарбӣ дуздида мешавад. Дуздидани мошинҳо пеш аз ҳама иртибот дорад ба як қатор ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла ба тақаллубкории суғуртавӣ, ба қалбакӣ сохтани ҳуҷҷатҳо, қалбакӣ сохтани винкодҳои мошинҳо, ки ҳамаи ин ҷиноятҳо берун аз Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупои шарқӣ дар корхонаҳои махсус амалӣ мешаванд. Бинобар ин пеш аз дигар кишварҳоро ба дуздии мошинҳо айбдор кардан бо сабаб ва шароитҳое , ки ба дуздии ҳамин мошинҳо мусоидат мекунанд, мубориза бурдан самараноктар аст. Новобаста аз ин , дар айни замон бо супориши Хукумати ҶТ дар назди Вазорати корҳои дохилӣ гурӯҳи байниидоравӣ амал дорад ва дар ояндаи наздик оид ба ин мавзӯъ хулосаи мушаххаси худро пешниҳод хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






