500 кг маводи нашъаовар куҷо шуд?

Январь 24, 2014 11:33

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- 24 январ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва воситаҳои ахбори омма маводи нашъаовар аз рӯи 3 парвандаи ҷиноие, ки нисбат ба онҳо мақомоти судӣ ҳукм баровардаанд, сӯзонида шуданд. Дар оташдони махсуси агентӣ зиёда аз 144 килограмм маводи нашъаовар, аз ҷумла, 43 килограмму 598 грамм героин, 3 килограмму 400 грамм афюн ва 97 килограмму 360 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона нест карда шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд, маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони агентӣ дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира гардид. Тибқи иттилои агентӣ соли 2013 ҳамагӣ 2 маротиба ба миқдори умумии қариб 500 килограмм маводи нашъаовар аз тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Январь 24, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад