57 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби кормандони ВКД
Душанбе, 17 январ. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова).- Дар соли 2013 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1325 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор карда шудааст. Аз Агентии мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ки маблағи зарари молиявӣ бо ҷиноятҳои ошкоргардида 83,4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар рафти санҷишу таҳқиқ маблағи беш аз 26,9 миллион сомонии он рўёнда шудааст. Содиршавии ҷиноятҳои ошкоргардида бештар дар ҳудуди вилояти Суғд (427ҷиноят) ва вилояти Хатлон (375 ҷиноят) ба қайд гирифта шудаанд.Боиси таассуф аст, ки баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия низ мебошанд, ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионии вазнин ва махсусан вазнин даст задаанд. Ба иттилои манбаъ, дар давоми соли 2013 содиркунии 57 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 44 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 25 ҷиноят аз ҷониби 22 нафар хизматчии Вазорати мудофиа, 19 ҷиноят аз ҷониби 17 нафар корманди Вазорати адлия, 42 ҷиноят аз ҷониби 24 нафар корманди Кумитаи андоз, 9 ҷиноят аз ҷониби 6 нафар корманди Хадамоти гумрук, 2 ҷиноят аз ҷониби 2 нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 7 ҷиноят аз ҷониби 6 нафар корманди мақомоти судӣ (Шўрои адлия), 6 ҷиноят аз ҷониби 2 нафар корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 ҷиноят аз ҷониби 2 нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






