А. Бузмаков: «Вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ором аст»
Душанбе, 27 январ.(АМИТ«Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ором боқӣ мемонад. Муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳмон Бузмаков дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба иттилои ӯ, мақомоти ҳифзи хукуки Тоҷикистону Қирғизистон, назорати муштараки қитъаҳои сарҳадии ҳарду давлатро идома медиҳанд. А.Бузмаков дар ҷавоб ба суоли рӯзноманигор, дар мавриди он ки соли 2013 чӣ қадар ҷинояткорон дастгир шудаанд, ҷавоб дод, ки дар ин сол 11 ҷинояткоре,ки дар ҷустуҷӯи байналмилалибуда карор доштанд, тавассути «Интерпол» дастгир шуданд. Аз ҷумла, 10 нафар дар Русия ва 1 нафар дар Итолиё. «Ин шахсон барои содир намудани ҷиноятҳо аз қабили одамкушӣ, таҷовузу фиребгарӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд. Алхол, гуфтушунид дар бораи бозгардонидани ин ҷинояткорон ба Ватан идома дорад», — зикр намуд, А. Бузмаков. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, давоми соли 2013 дар қаламрави Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1133 нафар афроди дар ҷустуҷӯ қарордошта дастгир шудаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






