Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар Фархор

Январь 6, 2014 14:18

Фархор, 6 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Фархор истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол афзоиш меёбад. Ба иттилои сармеъмори ноҳия Саидобид Ҳафизов корхонаҳои саноатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 101781,9 ҳазор сомонӣ маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93546,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 108,8 %-и нақшаро дар бар мегирад. Саноатчиёни ноҳия ба миқдори 7338,7 тонна нахи пахта, 583,3 тонна равған, 797,5 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 8159 тонна орд, 27,7 тонна калобаи ришта ва дигар маҳсулотҳои мубрами рӯз истеҳсол намуда, дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварданд. Мувофиқи нақшаи амал оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар ЧТ барои солҳои 2012-2013 сохтмони 7 корхона, аз ҷумла корхонаҳои коркарди шир, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, ресандагӣ, дӯзандагӣ, консервабарорӣ ва пахтатозакунӣ ба итмом расида, дар соли ҷорӣ дар ноҳия ба истифода додани 5 корхонаи саноатии дигар дар назар аст.

Январь 6, 2014 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш