«Амонатбонк» фоизи қарзҳоро коҳиш медиҳад
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Охири соли гузашта стратегияи рушди Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» барои соли 2014 тасдиқ гардид. Мутобиқи ин стратегия бонки мазкур ният дорад, ки фоизи қарзҳоро тадриҷан коҳиш диҳад. Раиси «Амонатбонк» Ҷамшед Норинов 22 январ ба журналистон дар ин бора хабар дод. Ҷамшед Норинов ҳамчунин қайд намуд, ки «Амонатбонк» соли гузашта ба манзури дастгирии бахши воқеии иқтисод, мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии ниҳодҳои хоҷагидорӣ ба 19 ҳазору 300 нафар мизоҷон ба маблағи умумии 297 миллиону 900 ҳазор сомонӣ қарз дод, ки ин назар ба нишондодҳои соли 2012 баробари 50,5 фоиз зиёд аст. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки бонк барои беш аз 19 ҳазор нафар соҳибкорони минтақаҳои алоҳидаи кӯҳистон ба маблағи умумии 148 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо кард








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






