«Амонатбонк» фоизи қарзҳоро коҳиш медиҳад

Январь 23, 2014 13:06

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Охири соли гузашта стратегияи рушди Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» барои соли 2014 тасдиқ гардид. Мутобиқи ин стратегия бонки мазкур ният дорад, ки фоизи қарзҳоро тадриҷан коҳиш диҳад. Раиси «Амонатбонк» Ҷамшед Норинов 22 январ ба журналистон дар ин бора хабар дод. Ҷамшед Норинов ҳамчунин қайд намуд, ки «Амонатбонк» соли гузашта ба манзури дастгирии бахши воқеии иқтисод, мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии ниҳодҳои хоҷагидорӣ ба 19 ҳазору 300 нафар мизоҷон ба маблағи умумии 297 миллиону 900 ҳазор сомонӣ қарз дод, ки ин назар ба нишондодҳои соли 2012 баробари 50,5 фоиз зиёд аст. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки бонк барои беш аз 19 ҳазор нафар соҳибкорони минтақаҳои алоҳидаи кӯҳистон ба маблағи умумии 148 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо кард

Январь 23, 2014 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш