Андозсупорандагони беҳтарин муайян шуданд
Душанбе, 14 январ (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупорандагони беҳтарини соли 2013-ро муайян кард. Аз Кумитаи андоз ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо назардошти нисбатан ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ бо пешниҳоди Комиссияи тасдиқшуда, ҶСП «Комбинати шири Душанбе» (ш. Душанбе),ҶСП «Казкоммерсбонк» (ш. Душанбе),ҶСП «ТТ-Мобайл» (ш. Душанбе),ҶДММ ТАҚХ «Имон-Интернешнл» (ш. Хуҷанд),ҶСП «Баҳористон» (ш.Қайроққум),Артели заршўи «Одина» (н. Ховалинг) ба унвони «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2013» сазовор дониста шуданд.Гуфта мешавад, ҳадаф аз ташкили чунин озмунҳо баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории ташкилоту корхонаҳо мебошад. Ҳамзамон ин иқдом барои ба вуҷуд овардани рақобати солим ва ҳавасмандгардонии андозсупорандагон низ нақши муассир хоҳад гузошт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






