Арҷгузорӣ ба хизматҳои шоиста

Январь 23, 2014 14:19

Ҳисор, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор кӯчаи «Шараф»-и шаҳраки Ҳисорро ба номи олими машҳури тоҷик, академик Аҳрор Мухторов номгузорӣ намуд.Шодравон Аҳрор Мухторов дар омӯзиши таърихи пурғановати халқи тоҷик хизмати басо арзишмандеро ба сомон расонидааст.Гузашта аз ин, ӯ дар омӯзиши таърихи Ҳисори шодмон низ солҳои сол таҳқиқоти ҷолиб анҷом дода, «Ҳисор. Очеркҳои таърихӣ»-ро дар ду ҷилд ва китоби «Фарзандони Ҳисор дар ганҷинаҳои Ҳиндустон»-ро нашр карда буд.

Январь 23, 2014 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш