Аз паси шабҳои тор субҳи саодат медамад…

Январь 30, 2014 16:30

Душанбе, 30. 01 2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Инак чиллаи калон, ки чил рўз давом кард, ба охир расид. Боз 20 рўзи дигар чиллаи хурд, сипас ҳут, аҷуз, наҳс ва баъд Наврўзи оламафрӯз медарояд. Чиллаи калон мувофиқи назари баъзе олимон ва як қишри табақаҳои ҷомеа аз 21 декабр оғоз мешавад. Ин шабро «шаби ялдо» ҳам мегўянд. Сабаби ҷашн гирифтани «шаби ялдо» ҳамчун шаби зоиши Меҳр ё худ Хуршед аз он иборат аст, ки  офтоб аз бурҷи қавс мебарояд ва ба бурҷи ҷаддӣ дохил мешавад, ки инро инқилоби зимистон меноманд.
Тибқи назари олимон рўзи аз ҳама дарозтарин 22 июн ва шаби дарозтарин 21 декабр будааст. 
Дар «шаби ялдо», ки рўзи аввали зимистон аст, моҳияти муборизаи нуру зулмат, торикию равшаноӣ, муборизаи Ҳурмузду Аҳриман дар авҷи аълояш зоҳир мегардад ва ногузир нур бар зулмат ғалаба мекунад, чун бо дамидани субҳ дар рўзи дигар рўзҳо дарозтар ва тобиши нури эзидӣ афзунтар мегардад. Ин афзудани рўз  то фаро расидани Наврўз ё худ баробар шудани шабу рўз идома пайдо мекунад. Калимаи «Ялдо» ба маънои таваллуд ё «навидрўз» аст. Зеро он навиде аз баҳор дар оғози зимистон ба ҳисоб мерафтааст. Ин маъниҳо дар осори бисёре аз олимон аз ҷумла дар асарҳои Абурайҳони Беруни мавҷуд аст.
Ин тақвим боз бо ҳисоби деҳқон, чорводор ва мулло байни ҳамдигар чанд рўз фарқ доранд. Масалан, ба ҳисоби баъзеҳо чилла ё худ зимистон  аз 18 декабр оғоз мешавад. Баъзан дар фасли зимистон ҳам рўзҳои гармро мушоҳида кардан мумкин инро мардум «чиллабаҳор» ё «чилла»  «баҳор» шуд мегўянд.
Худованди бузург ҳамаи чор фасли солро барои зиндагии инсон ҳайвоноту наботот, сабзиши маводҳои ғизоӣ ва пухтани меваҳои шаҳдбор фароҳам сохта,  то мардумон  дар зикру шукр бошанд. Барои ин шоире гуфта:
                             То сардии айёми зимистон накашад,
                             Пургул нашавад  шохаи зебои баҳор.
Ва ё Саъдии бузург фармуда:
Абру боду Маху Хуршеду фалак дар коранд,
То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нах(в)арӣ.
Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор,
Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ

Январь 30, 2014 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад