Аз паси шабҳои тор субҳи саодат медамад…
Душанбе, 30. 01 2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Инак чиллаи калон, ки чил рўз давом кард, ба охир расид. Боз 20 рўзи дигар чиллаи хурд, сипас ҳут, аҷуз, наҳс ва баъд Наврўзи оламафрӯз медарояд. Чиллаи калон мувофиқи назари баъзе олимон ва як қишри табақаҳои ҷомеа аз 21 декабр оғоз мешавад. Ин шабро «шаби ялдо» ҳам мегўянд. Сабаби ҷашн гирифтани «шаби ялдо» ҳамчун шаби зоиши Меҳр ё худ Хуршед аз он иборат аст, ки офтоб аз бурҷи қавс мебарояд ва ба бурҷи ҷаддӣ дохил мешавад, ки инро инқилоби зимистон меноманд.
Тибқи назари олимон рўзи аз ҳама дарозтарин 22 июн ва шаби дарозтарин 21 декабр будааст.
Дар «шаби ялдо», ки рўзи аввали зимистон аст, моҳияти муборизаи нуру зулмат, торикию равшаноӣ, муборизаи Ҳурмузду Аҳриман дар авҷи аълояш зоҳир мегардад ва ногузир нур бар зулмат ғалаба мекунад, чун бо дамидани субҳ дар рўзи дигар рўзҳо дарозтар ва тобиши нури эзидӣ афзунтар мегардад. Ин афзудани рўз то фаро расидани Наврўз ё худ баробар шудани шабу рўз идома пайдо мекунад. Калимаи «Ялдо» ба маънои таваллуд ё «навидрўз» аст. Зеро он навиде аз баҳор дар оғози зимистон ба ҳисоб мерафтааст. Ин маъниҳо дар осори бисёре аз олимон аз ҷумла дар асарҳои Абурайҳони Беруни мавҷуд аст.
Ин тақвим боз бо ҳисоби деҳқон, чорводор ва мулло байни ҳамдигар чанд рўз фарқ доранд. Масалан, ба ҳисоби баъзеҳо чилла ё худ зимистон аз 18 декабр оғоз мешавад. Баъзан дар фасли зимистон ҳам рўзҳои гармро мушоҳида кардан мумкин инро мардум «чиллабаҳор» ё «чилла» «баҳор» шуд мегўянд.
Худованди бузург ҳамаи чор фасли солро барои зиндагии инсон ҳайвоноту наботот, сабзиши маводҳои ғизоӣ ва пухтани меваҳои шаҳдбор фароҳам сохта, то мардумон дар зикру шукр бошанд. Барои ин шоире гуфта:
То сардии айёми зимистон накашад,
Пургул нашавад шохаи зебои баҳор.
Ва ё Саъдии бузург фармуда:
Абру боду Маху Хуршеду фалак дар коранд,
То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нах(в)арӣ.
Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор,
Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






