Аз телефонҳои мобилӣ боҷи гумрукӣ гирифта намешавад
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Хадамоти гумруки Тоҷикистон овозаро дар бораи он, ки вақтҳои наздиктарин дар ҷумҳурӣ барои телефонҳои мобилӣ боҷи гумрукӣ ҷорӣ карда мешавад, рад намуд.Тавре ки муовини аввали сардори Хадамоти гумрук Неъмат Раҳматов дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ин овозаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд.Неъмат Раҳматов ҳамчунин иброз дошт, ки лағви тартиби имтиёздору оддии ворид намудани мошинҳои сабукрав ба бозори автомобилҳои ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонида ва соли 2013 тамоюли афзоиши босуръати воридоти мошинҳои сабукрав мушоҳида гардид.Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ, соли гузашта ба Тоҷикистон 65 ҳазору 600 автомобил оварда шуд, ки ин назар ба нишондодҳои соли 2012 баробари 14 ҳазору 500 адад зиёд аст.Хотирнишон месозем, ки бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2013 бандҳои 13, 14 ва 18 қоидаҳои интиқоли амвол тавассути ашхоси воқеӣ аз рӯи тартиби имтиёзноку одӣ ба Тоҷикистон овардани нақлиёти автомобилӣ бо қарори Ҳукумат аз 2 ноябри соли 2007 соқит шуда буданд. Ҳамин тариқ, акнун вуруди нақлиёти автомобилӣ барои ҳамаи ашхоси воридкунанда баробар шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






