Азхудкунии пули барқи муштариён

Январь 20, 2014 11:46

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Камолхуҷа Хоҷаев, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони ғайриқонунӣ азхудкунии маблағҳои пулӣ дастгир намуданд.Тибқи иттилои сомонаи расмии ВКД номбурда ҳангоми фаъолият намуданаш ба ҳайси назоратчии барқи ноҳияи Б.Ғафуров аз 10-уми феврал то 31 октябри соли 2012 дар минтақаи вобасташудааш аз 620 нафар муштарӣ ба миқдори 49101 сомонӣ маблағи пули истифодаи барқро ҷамъ намудааст. Аз ин миқдор 44883 сомониро ба хазинаи шуъбаи фурӯши барқи ноҳия супорида, боқимонда 4218 сомониашро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.Нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтиш идома дорад.

Январь 20, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд