Бақайдгирии 135 иттиҳодияи динӣ дар як сол
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- «Дар давоми соли 2013 аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, тазими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 135 иттиҳодияи динӣ ба расмият дароварда шуд», — иттилоъ дод раиси ин кумита Абдураҳим Холиқов 14 январ зимни нишасти матбуотӣ. Ӯ зикр намуд, ки ба расмият шинохта шудани 135 иттиҳодияи динӣ дар соли 2013 дар ҳолест, ки ба қавли Абдураҳим Холиқов дар ин сол ба кумита 416 ҳуҷҷат ҷиҳати бақайдгирӣ ҳамчун иттиҳодияи динӣ ворид шуда, аз ин шумора 238 дархост аз сабаби мутобиқ набудан бо қонунгузориҳои ҷории кишвар ҳамчун иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта нашуд. Гуфта шуд, аз 135 иттиҳодияи динии бақайдгирифта 3 адади онро масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 ададро масҷиди ҷомеъ ва боқиро масоҷиди панҷвақта ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






