Баистифодадиҳии ду коргоҳи нав дар корхонаи чиниворӣ

Январь 28, 2014 11:38

Турсунзода, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Тамоми сокинони шаҳр баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 80-солагии таъсиси шаҳри  Турсунзода сайю кӯшиши беандоза доранд, — иброз дошт раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табарзода зимни нишасти матбуотӣ.
   Моҳи январи соли оянда аз таъсиси шаҳри Турсунзода (собиқ Регар) 80 сол сипарӣ мегардад. Бо ин мақсад кулли сокинон бо даъвати раиси шаҳр ба корҳои ободонию созандагӣ камари ҳиммат бастаанд. Аз ҷумла, яке аз деҳқонони асил ҳоҷӣ Неъмат Усмонов барои сарсабзию ободонии шаҳр 5 ҳазор дарахти арча тақдим кардааст. Ин ташаббуси ўро дигар соҳибкорони боҳиммат низ идома дода, баҳри дастгирии бошандагони Хонаи кўдакон, Хонаи пиронсолон ва дигар  шахсони ниёзманд кўмаки худро мерасонанд.
   Тибқи иттилои раиси шаҳр рўзҳои наздик дар корхонаи чиниворӣ 2 коргоҳи дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 300 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳад шуд. 
  Зиндагии шоиста ба ҳар инсон, ободию сарсабзии Ватан – ҳадафи асосии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат аст. Хушбахтона, дар  шаҳри Турсунзода теъдоди  шахсоне, ки бо меҳнати ҳалоли хеш соҳиби сарвату обрўянд, хеле зиёд аст. 

Январь 28, 2014 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш