Баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомат
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ “Ховар” Муқаддас Кушакова).- Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар иттилоъ дод, ки дирӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор гардид.
Дар он Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар масъалаи баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ин масъаларо муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умаров ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Умаралӣ Ҳисайнов баррасӣ намуданд.
Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар масъалаи баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ пешниҳод шудааст.
Созишнома рўзи 7 октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинёв ба имзо расида, бо мақсади рушди фаъолияти ҳамкориҳо дар байни давлатҳои иштирокчии ИДМ дар самти ҳифзи кӯдак таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






