Бародари муҳоҷири ҳалокшуда ҷубронпулӣ гирифт
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Баҳриддин Хайруллоев чанде пеш аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷират хоҳиш намуда буд, ки барои равон кардани ҷасади бародараш Зайниддин Хайруллоев, ки дар яке аз иншоотҳои сохтмонии шаҳри Екатеринбург ба ҳалокат расида буд, ёрдампулӣ диҳад. Назар ба хабари хадамоти матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ, баъди вохӯрии корманди Намояндагӣ бо муовини директори генералии иншооти сохтмонӣ Андрей Плотников қарор дода шуд, ки ба бародари муҳоҷири ҳалокшуда дар ҳаҷми 250 ҳазор рубл ҷубронпулӣ дода шавад.
Баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои дахлдор ҷасади марҳум Зайниддин Хайруллоев ба Ватан фиристода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






