Баррасии ҳамкориҳо дар соҳаи илми Тоҷикистону Озарбойҷон

Январь 30, 2014 11:51

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дирӯз, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон  Аббосалӣ Ҳасанов масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илмро баррасӣ намуд.
Тавре ки дар ин бора аз котиботи АИТ хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар соҳаи сейсмология пешниҳод карданд, ки байни Академияи илмҳои ҶТ ва Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон шартномаи дучониба баста шавад, то ин ки дар оянда олимони ҳар ду мамлакат дар якҷоягӣ паҳлуҳои нав ба нави ин соҳаро омўзанд. 
Ба иттилои Фарҳод Раҳимов, президенти академия  Институти сейсмология феълан бо Амрико, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Федератсияи Русия ҳамкорӣ дошта, якчанд лоиҳаҳоро дар якҷоягӣ бо институтҳои ин кишварҳо ба роҳ мондааст. Ҳамчунин аз ҷониби Фарҳод Раҳимов пешниҳод гардид, ки  Озарбойҷон ҳам метавонад ба ин лоиҳаҳо ҳамроҳ шавад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот Фарҳод Раҳимов аз мақсадҳои дар пеш гузоштаи академия ёдовар шуда, иброз доштааст, ки аз соли хониши 2014-2015 қабули магистрҳоро дар институтҳои академия ба роҳ монда шавад ва пешниҳод намудааст, ки  дар оянда барои таҳсили ҳам магистрҳо ва ҳам аспирантҳои АИ ҶТ дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ва баръакс шартномаҳои дуҷониба баста шаванд.
Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ  Ҳасанов  оид ба махзани бойи дастхатҳои гузаштагони халқи тоҷик ёдовар шуда, пешниҳод кардааст, ки дар ин соҳа низ шартномаи дуҷониба баста шавад.
 
 
 
 
 

Январь 30, 2014 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад