Баррасии ҳамкориҳо дар соҳаи илми Тоҷикистону Озарбойҷон
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дирӯз, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илмро баррасӣ намуд.
Тавре ки дар ин бора аз котиботи АИТ хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар соҳаи сейсмология пешниҳод карданд, ки байни Академияи илмҳои ҶТ ва Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон шартномаи дучониба баста шавад, то ин ки дар оянда олимони ҳар ду мамлакат дар якҷоягӣ паҳлуҳои нав ба нави ин соҳаро омўзанд.
Ба иттилои Фарҳод Раҳимов, президенти академия Институти сейсмология феълан бо Амрико, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Федератсияи Русия ҳамкорӣ дошта, якчанд лоиҳаҳоро дар якҷоягӣ бо институтҳои ин кишварҳо ба роҳ мондааст. Ҳамчунин аз ҷониби Фарҳод Раҳимов пешниҳод гардид, ки Озарбойҷон ҳам метавонад ба ин лоиҳаҳо ҳамроҳ шавад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот Фарҳод Раҳимов аз мақсадҳои дар пеш гузоштаи академия ёдовар шуда, иброз доштааст, ки аз соли хониши 2014-2015 қабули магистрҳоро дар институтҳои академия ба роҳ монда шавад ва пешниҳод намудааст, ки дар оянда барои таҳсили ҳам магистрҳо ва ҳам аспирантҳои АИ ҶТ дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ва баръакс шартномаҳои дуҷониба баста шаванд.
Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов оид ба махзани бойи дастхатҳои гузаштагони халқи тоҷик ёдовар шуда, пешниҳод кардааст, ки дар ин соҳа низ шартномаи дуҷониба баста шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






