Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар бахши варзиш
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дирӯз, 22 январи соли равон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бо Сафири фавқулода ва мухтори давлати Қатар дар Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак Саид-ал- Муҳанаддӣ ҳамкориҳои ду ҷониба дар самти туризм ва варзишро баррасӣ намуд.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо бобати ҳамкорӣ дар бахшҳои варзиш ва туризм изҳори омодагӣ намуда, сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон иброз доштааст, ки дар сурати ташвиқу тарғиби ҳарчи бештари туризми Тоҷикистон имкони ҷалби бештари сайёҳони қатарӣ ба Тоҷикистон мавҷуд аст. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар мулоқот ба мувофиқа омаданд, ки Тоҷикистону Қатар имкони ба роҳ мондани баргузории машқҳои муштарак, бозиҳои рафиқона ва табодули таҷрибаи мутаххасисони соҳа ва такмили дигар бахшҳои варзишро доранд. Маликшо Неъматов дар навбати худ омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои туризму варзиш иброз намуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






