Баррасии ҳамкории ДМТ бо донишгоҳҳои Афғонистон

Январь 10, 2014 15:48

Душанбе,10 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Бо мақсади шиносоии комил аз вазъи татбиқи шартномаҳо ва ҷустуҷўйи роҳҳои нави ҳамкорӣ Сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғаффор Орзу бо ректори ДМТ профессор Муҳаммадюсуф Имомов мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо роҷеъ ба табодули устодону донишҷўён ва омўзиши таҷрибаи пешрафтаи якдигар изҳори қаноатмандӣ намуданд. «Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла робитаҳо дар соҳаи илму таълим ба шумор меравад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 7 донишгоҳ ва муассисаҳои таҳқиқотии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Қисмати зиёди ин шартномаҳо дар амал татбиқ мешаванд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Афғонистон пас аз таҳсил ва ё тахкиқоти илмӣ дар ДМТ бо дониши хуби сиёсию иҷтимоӣ ва бо сари баланд ба ватан бармегарданд, ки банда миннатдории хешро нисбат ба ин дастгириҳо ба роҳбарият ва аҳли кормандони ДМТ баён менамоям»,- гуфт Абдулғаффор Орзу.Мулоқоти Сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки дар Донишгоҳи миллӣ 28 нафар шаҳрвандони Афғонистон дар самтҳои гуногун таҳсил доранду таҳқиқоти илмӣ мебаранд. Соли гузашта 4 шаҳрванди ин кишвари ҳамсоя донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Январь 10, 2014 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш