Баррасии масоили марбут ба маорифи Тоҷикистону Қатар
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак Саид ал-Муҳаннадӣ 21 январ дар Душанбе баргузор гардид.Аз Вазорати маориф ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд , ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут дар соҳаи маориф ва дурнамои рушди тарафайнро баррасӣ намуданд.Зикр гардид ,ки Давлати Қатар дастовардҳои назаррасеро дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ соҳиб гаштааст ва омодааст ҷавонони тоҷикро дар муассисаҳои бонуфузи худ ба таҳсил фаро гирад.Нуриддин Саидов дар мулоқот дар бораи низоми маорифи кишвар маълумот дода, аз имконоти тарафайн дар самти аз тариқи квота ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни ҳар ду кишвар, омӯзиши забони арабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, табодули донишҷӯён, анҷоми таҳқиқоти муштарак дар самтҳои мухталифи илм, баргузории конфронсҳо ва дигар масоили марбут ба таълиму тарбия сухан гуфт.Дар назар аст, ки пас аз омӯзиши ҳаматарафаи масъалаи мазкур тафоҳумномаи ҳамкории тарафайн омода ва ба тасвиб расад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






