Баррасии нақшаҳои Шӯрои расмии СҲШ дар соли 2014

Январь 21, 2014 10:28

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Имрӯз, 21-уми январи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкориҳои Шанхай доир мегардад.Тавре ки дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар доданд, дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шӯрои расмии кишварҳои иштирокчии СҲШ- Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Зимни ҷаласа дар назди иштирокдорон раиси Раёсати Шӯрои расмии СҲШ Шариф Саид сухан гуфта, доир ба вазифаҳои Шӯрои расмӣ, ки аз қарорҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои созмон бармеоянд, ҳарф мезанад, инчунин нақшаи кори Шӯрои расмии Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои соли 2014 баррасӣ мешавад.Ёдрас мешавем, ки дар чаҳорчӯби ҷаласаи Раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек пешниҳод дар бораи аз 1 январи соли 2014 интихоб намудани Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари Шӯрои расмии СҲШ маъқул дониста шуд.

Январь 21, 2014 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад