Беш аз 103 миллион сомонӣ барои таъмири роҳҳои Суғд

Январь 20, 2014 15:17

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Соли ҷорӣ аз буҷети вилоят барои таъмиру ободонии роҳҳои вилояти Суғд беш аз 103 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он барои татбиқи барномаи ободонии роҳҳо дар соли 2014 мавриди истифода қарор мегирад. Тавре ки аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мувофиқи қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо барои ободонӣ ва кабудизоркунии роҳҳо вусъат ёфтаанд.Ба шуъбаи нақлиёт ва роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсати сохтмони асосии вилоят, Раёсати давлатии «Корхонаи хоҷагии роҳҳои мошингарди Суғд», намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» — и вилоят дастур дода шудааст, ки якҷоря бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят татбиқи лоиҳаи мазкурро таъмин намоянд.Хотирнишон месозем, ки соли 2014 дар Суғд соли ободонии роҳҳо эълон шудааст.

Январь 20, 2014 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд