Бонкҳои муътабари ҷаҳон ба Тоҷикистон моиланд
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар Бонки миллии Тоҷикистон машварат аз рӯи масоили барқарор намудани ҳамкории зич барои рушди муносибатҳои дуҷониба бо яке аз бонкҳои калонтарини ҷаҳон — ва хидматрасонии бонкӣ «Bank of Tokyo-Mitsubishi» («Банк оф Токио – Митсубиси») – и Ҷопон идома дорад.Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чанде пеш намояндагони бонки мазкур барои барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба ва хидматрасонии бонкӣ бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон гуфтушунид карданд.Хотирнишон месозем, ки «Bank of Tokyo-Mitsubishi» яке аз бонкҳои калонтарин ба шумор рафта, дар бозорҳои молиявии ҷаҳон мақоми хоса дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






