Бонки миллии Тоҷикистон- узви Биржаи асъори Маскав

Январь 22, 2014 15:44

Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бонки миллии Тоҷикистон миёни бонкҳои миллии кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аввалин шуда, ба узвияти Биржаи байнибонкии асъори Маскав дохил гардид. Маросими эътирофи бонки миллии кишвар ба сифати иштирокчии комилҳуқуқи бозори асъори байналмиллалӣ дар шаҳри Маскав сурат гирифт.  Соли 2014 барои низоми бонкии Тоҷикистон бо дастоварди муҳим оғоз шуд. Узвият дар бозори асъори яке аз биржаҳои устувору боэътибори минтақа ба низоми бонкии ҷумҳурӣ афзалияту имкониятҳои фарохи фаъолиятро дар системаи бонкии байналмиллалӣ фароҳам меорад. Иштироки мустақим дар хариду фурӯши асъори хориҷӣ, механизму воситаҳои иловагии амалиёти бонкӣ дар бозори байналмиллалии асъор ва таъмини устувории қурби асъори миллӣ бархе аз афзалиятҳоеанд, ки Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд ба сифати иштирокчии комилҳуқуқи Биржаи байнибонкии асъори Маскав ба даст меорад. Аз ин рӯ маросими тақдими сертификати узвият дар биржаи асъори Маскав бо ширкати доираи васеи намояндагони сохторҳои бонкии Русия ва ВАО барпо шуд.Ба сифати иштирокчии бозор БМТ 21 январ аввалин амалиётро дар ҷуфти доллар-рубл анҷом дод. Тавре ки дар расми пазироӣ муовини якуми раиси БМТ Ҷамшед Юсуфиён изҳор намуд: «Воридшавӣ ба бозори асъори Маскав ба низоми бонкии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳангоми анҷом додани амалиёти марбут ба муносибатҳои иқтисодии берунаи субъектҳои дахлдор сатҳу сифати хизматрасониҳо баланд бардошта шуда, хароҷоти транзаксизӣ сарфа ва теъдоди махсулоти бонкии дастрас фарохтар гардад».Биржаи асъори Маскав яке аз таркибҳои калидии бозори молиявии Русия ба шумор рафта, Бонки марказии ФР аз соли 1992 ин ҷониб дар асоси натиҷаҳои хариду фурӯши ин бозор қурби расмии рублро муқаррар менамояд. Ҳаҷми миёнаи якрӯзаи табодули асъор дар моҳи декабри соли гузашта дар ин ҷо бештар аз 800 миллиард рублро ташкил додааст.

Январь 22, 2014 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд