Боркашонӣ тавассути роҳи оҳан
Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Тавре ки сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти яксола хабар дод, соли 2013 тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон 6 миллиону 735 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки назар ба соли 2012 баробари 1 миллиону 670 ҳазор тонна камтар аст.
Мувофиқи суханони Амонулло Ҳукуматулло, соли гузашта ҳаҷми ҳамлу нақл 1 миллиону 905 ҳазор тоннаро ташкил д од, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 баробари 1 миллиону 65 ҳазор тонна кам мебошад.
«Ҳамлу нақли содиротӣ 536 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба нишондодҳои соли 2012 баробари 77 ҳазор тонна кам аст. Ҳамлу нақли воридотӣ баробари 4 миллиону 108 ҳазор тонна буд, ки нисбат ба соли 2012 баробари 544 ҳазор тонна кам мебошад», _ зикр намуд Амонулло Ҳукуматулло.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






