Боркашонӣ тавассути роҳи оҳан

Январь 29, 2014 11:25

 
Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- Тавре  ки   сардори   Корхонаи  воҳиди давлатии «Роҳи  оҳани  Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ  аз  рӯи  натиҷаи  фаъолияти  яксола  хабар  дод,  соли  2013  тавассути  роҳи оҳани  Тоҷикистон   6  миллиону  735  ҳазор тонна бор  кашонида шудааст, ки  назар ба  соли  2012  баробари  1  миллиону 670  ҳазор  тонна  камтар  аст. 
 
Мувофиқи  суханони  Амонулло  Ҳукуматулло,  соли  гузашта  ҳаҷми  ҳамлу  нақл  1  миллиону  905  ҳазор тоннаро  ташкил д од, ки   нисбат ба  ҳамин  давраи  соли 2012  баробари  1  миллиону  65  ҳазор тонна  кам  мебошад. 
 
«Ҳамлу  нақли  содиротӣ  536  ҳазор тоннаро ташкил дод, ки  нисбат ба   нишондодҳои  соли  2012  баробари  77  ҳазор тонна  кам  аст. Ҳамлу  нақли  воридотӣ  баробари  4  миллиону  108 ҳазор тонна буд, ки   нисбат ба  соли  2012  баробари  544  ҳазор  тонна  кам  мебошад», _  зикр намуд Амонулло  Ҳукуматулло.
 
 

Январь 29, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш