Боз як бонки нав дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 4 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — 3 январи соли равон дар ҷумҳурӣ шумораи бонкҳои низоми бонкии мамлакат як адад афзоиш ёфта, миқдори онҳо ба 17 адад баробар шуд. Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Спитамен Капитал” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк” табдил дода шуда, ба вай иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд. Ба ибораи дигар, дар низоми бонкии мамлакат боз як бонки нав ба фаъолият шуруъ кард. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи қарори мазкур барои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонки навтаъсис таъйин намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи бонкӣ ризоият дода шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






