Боздиди намояндаи махсуси СММ аз Тоҷикистон

Январь 10, 2014 11:41

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар»).- Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи эҳтиётӣ барои Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча аз 9 то 10 январ бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид менамояд.Тавре ки аз ВКХ ҶТ хабар доданд, маркази мазкур бо мақсади дастгирии ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои афзун намудани имконоти онҳо дар бахши ҷилавгирии ихтилофот бо усули беҳдошти муколама, таҳкими боварӣ ва барқарор намудани мушорикати воқеӣ барои рафъи хавфу хатари мавҷуда дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолият дорад.

Январь 10, 2014 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш