Боздошти хориҷиён бо маводи мухаддир
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ду шаҳрванди хориҷиро боздошт намуданд, ки аз онҳо зиёда аз 23 кг маводи нашъаовар мусодира гардид.Тавре ки аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, кормандони АНМН шаби 21 январ дар шоҳроҳи Ҳамадонӣ — Душанбе мошини тамғаи «Chevrolet NIVA» -ро боздошт намуданд. Зимни азназаргузаронии он дар дохили мошин 3 халта ва як борхалта ошкор шуд. Дар дохили он 23 кг 500 гр маводи нашъаовари бангдона мавҷуд буд, ки ба шаҳрванди 35-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сокини вилояти Тахор М.И. тааллуқ дошт.Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки М.И. соли 2008 барои фурӯши 8 кг героин аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд. Соли 2009 барои давом додани иҷрои ҷазо ба муассисаи ислоҳшавии вилояти Тахори Афғонистон гузаронида шуд. Соли 2013 аз муассисаи ислоҳшавӣ озод гардида, барои худ хулосаи дуруст набаровард. М. И. қарор дод бори дигар ба Тоҷикистон ояд, то ки робитаҳои ҷиноии худро барқарор намояд ва интиқоли маводи нашъаоварро аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон, баъдан ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия давом диҳад. Аммо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт гардид.Аз тарафи шуъбаи тафтишотии агентӣ аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо қ. 4 моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, оғоз гардид.Дар айни ҳол чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ оид ба муайян намудани ҳолати кор ва шахсоне, ки ба ҷиноят мансубият доранд, гузаронида мешаванд.Кормандони шуъбаи дар ноҳияи Мурғоб будаи Раёсати АНМН дар ВМКБ дар мавзеи Ҷамантол ҳангоми азназаргузаронии мошини тамғаи «Jieng Fang» ба ронандаи мошин — шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин таваҷҷуҳ намуданд, ки ӯ асабиёна рафтор менамуд: кӯшиш менамуд зудтар аз ҷои азназаргузаронӣ ҳаракат намояд. Кормандони фаврӣ қарор доданд, ки мошинро бодиққат аз назар гузаронанд ва дар кабинаи он як махфигоҳро ошкор намуданд, ки дар он як бастаи селлофанӣ пинҳон шуда буд ва дар дохили он маводи нашъовари ҳашиш печонида шуда буд. Ронандаи мошин ба ҷазои интизомӣ кашида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






