Бозингарони «Ҷоми Иттиҳод-2014» муайян гардиданд

Январь 21, 2014 12:04

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонон номи бозингаронеро, ки дар «Ҷоми Иттиҳод-2014» ширкат мекунанд, эълон кард. Ба дастаи яккачини ҷавонон 20 футболбоз, 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар ворид шудаанд.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев футболбозонро аз дастаҳои “Регар-ТадАЗ” (панҷ нафар), “Истиқлол”, “Энергетик” (сенафарӣ), “Равшан” (2) ва “Хуҷанд”, “Нури Норак”, “Вахш”, “Парвоз”, ССКА “Помир” ва мактаби варзишӣ (якнафарӣ) интихоб кардааст. «Ҷоми Иттиҳод-2014» дар Санкт-Петербург аз 24-уми январи соли равон шурӯъ гардида, то 2 феврал идома меёбад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи “А” 24 январ бо тими яккачини Эстония вориди рақобат мешавад. 25 январ бо футболбозони қирғиз ва 27 январ бо ҳамсолонашон аз Украина қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Январь 21, 2014 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш