Бозори такрории коғазҳои қиматнок фаъол мегардад
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Бо мақсади иҷрои банди 7-и Протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 13 декабри соли 2013 дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ таъсис дода шуд. Тибқи иттилои Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҷаласаи якуми ин гурӯҳи корӣ масоили мушкилоти асосии рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин самтҳои фаъолияти гуруҳи корӣ муҳокима ва муайян шуд. Гуруҳи корӣ бояд ҷанбаҳои мухталифи рушди коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондиро дар Тоҷикистон таҳлил намуда, тавсияҳои мушаххасро ҷиҳати рушди соҳа барои муҳокима ба ҷаласаҳои минбаъдаи Шўро пешниҳод намояд. Гуфта мешавад, ки мақсади асосии ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ муҳайё гардонидани сармояи озод барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, тақсими самараноки сармояи пулӣ байни соҳаҳои иқтисодиёт ва фаъол гардонидани интишори саҳмияҳои ширкатҳои ватанӣ ва фурӯши онҳо дар бозори фондӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






