Бозори такрории коғазҳои қиматнок фаъол мегардад

Январь 16, 2014 09:08

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Бо мақсади иҷрои банди 7-и Протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 13 декабри соли 2013 дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ таъсис дода шуд.  Тибқи иттилои Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҷаласаи якуми ин гурӯҳи корӣ масоили мушкилоти асосии рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин самтҳои фаъолияти гуруҳи корӣ муҳокима ва муайян шуд. Гуруҳи корӣ бояд ҷанбаҳои мухталифи рушди коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондиро дар Тоҷикистон таҳлил намуда, тавсияҳои мушаххасро ҷиҳати рушди соҳа барои муҳокима ба ҷаласаҳои минбаъдаи Шўро пешниҳод намояд. Гуфта мешавад, ки мақсади асосии ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ муҳайё гардонидани сармояи озод барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, тақсими самараноки сармояи пулӣ байни соҳаҳои иқтисодиёт ва фаъол гардонидани интишори саҳмияҳои ширкатҳои ватанӣ ва фурӯши онҳо дар бозори фондӣ мебошад.

Январь 16, 2014 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!