Бунёди 14 коргоҳ дар соҳаи матлубот

Январь 27, 2014 11:59

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Соли 2013 теъдоди 14 коргоҳи истеҳсолӣ дар соҳаи «Тоҷикматлубот» ба фаъолият оғоз намуд. Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев 27 январ дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар корхонаи истеҳсоли болопӯши пашмини ҷамъияти матлуботи ноҳияи Данғара дар асоси дархости аҳолӣ истеҳсоли болопӯшҳо аз нахи пахта ба роҳ монда шуд. «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти консерва дар соли сипаригашта ба 13 млн. қуттии шартӣ расонида шуд, ки аз соли 2012-ум 4 млн. қуттии шартӣ зиёд аст», — тазаккур дод С. Валиев. Ба иттилои ӯ дар бозорҳои соҳа хизматрасонии пулакӣ ба маблағи 4,5 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2012-ум 174 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Ҳаҷми хариди маҳсулоти кишоварзӣ (маҳсулоттайёркунӣ) дар давраи ҳисоботӣ 114 млн. сомониро ташкил намуд, ки аз соли 2012 ба қадри 7 млн. сомонӣ зиёд аст.«Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нақшаи захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сӯзишворӣ ва ашёи хоми чорворо пурра иҷро намуд. Захираи маҳсулоти кишоварзӣ 33,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин аз соли 2012 8,2 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ҷумла, 12 ҳазору 72 тонна сабзавот тайёр карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1 ҳазору 266 тонн зиёд мебошад», — гуфт дар хотима С. Валиев.

Январь 27, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш