Чалби шаҳрвандон ба суғурта
Кӯлоб, 20 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар минтақаи Кӯлоб ҷалби шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои фарҳанг, маориф, тибб ва дигар соҳаҳо ба филиалҳои суғуртавӣ бештар гардида, шартномаи онҳо ҳамарӯза нисбат ба суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ афзоиш меёбад,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори филиали Корхонаи Воҳиди Давлатии «Тоҷиксуғурта» дар минтақаи Кӯлоб Абдуғаффор Давлатов. Ба гуфтаи А. Давлатов дар давоми соли сипаригардида кормандони филиалҳои мазкур бо 32 ҳазору 498 нафари ҳуқуқию воқеӣ шартномаи суғуртавӣ бастанд, ки аз ин шумора шартномаи 5876 нафар ба намуди ҳатмии суғурта ва 26 ҳазору 622 нафар ба намуди суғуртаи ихтиёрӣ мансубият дорад. Дар ин самт масъулини филиалҳои ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод, Восеъ, Кӯлоб, Данғара, Ҳамадонӣ ва Ховалинг пешсаф буда, нақшаҳои худро аз 100 то ба 109% расониданд. Масъулини филиалҳо тасмим гирифтанд соли ҷорӣ низ шартномаҳои худро бо ташкилоту муасисаҳо, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва аҳолӣ бештар намуда, мизоҷонро ба суғурта бештар ҷалб намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






