Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Қатли ду роҳбари Толибон Душанбе, 07 январ.(АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар шаҳри Кветтаи Ҷумҳурии Исломии Покистон ду роҳбари гуруҳи Толибон ба ҳалокат расонда шуд. Мувофиқи иттилои расида, онҳо аз ҷониби шахсони номаълуми силоҳбадаст, мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд. Бояд гуфт, ки чанд рӯз қабл низ дар ҳудуди Покистон як намояндаи баландпояи гуруҳи Толибонро кушта буданд. Бо эътино ба ин ҳодиса аъзои гуруҳи Толибон 5 нафар сокини шаҳри Кветтаро рабуда, ба ҳалокат расондаанд. Задухӯрди мусаллаҳона дар Ироқ Душанбе, 07 январ.(АМИТ «Ховар»)- Муддати чанд рӯз аст, ки дар Ироқ задухӯрдҳои мусаллаҳона зиёд ба назар мерасанд. Сокинони минтақаи Рамоди ва шаҳри Фалуҷа манзилҳои худро тарк карда, дар маҳалҳои нисбатан ором панаҳ мебаранд. Дар айни замон баъзе минтақаҳо таҳти назорати силоҳбадастон қарор доранд. Ҷониби Амрико тасмим дорад, ки дар мубориза бар зидди силоҳбадастон ба ҳукумати Ироқ кӯмак расонад. Тазоҳуротчиён аз ҳукуматдорон талаб намуданд, ки ҳарчи зудтар аз бедодгарию ҳамлаҳои мусаллаҳона ва таркишҳо ҷилавгирӣ намоянд.Рабудани табибон дар СурияДушанбе, 07 январ.(АМИТ «Ховар»)-Ҳафтаи равон дар Сурия панҷ корманди созмони «Табибони бидуни марз» рабуда шуданд. Тавре ки мақомоти қудратии кишвар хабар медиҳанд, онҳоро эҳтимол дар қисми шимолии мамлакат гуруҳҳои силоҳбадаст рабуда бошанд. Бояд гуфт, ки табибони рабудашуда табааи Белгия, Шветсия, Дания, Швейтсария ва Перу мебошанд. Ба гуфти роҳбари табибони Швейтсария ин аввалин маротиба нест, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар ин минтақаи ноороми Сурия аз ҷониби силоҳбадастон ба асорат гирифта мешаванд. Таркиши гулӯла дар ОлмонДушанбе, 07 январ.(АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар шаҳри Ойскирхени Олмон гулӯлае, ки аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон боқӣ монда буд, таркид. Бояд гуфт, ки ҳодиса ҳангоми корҳои сохтмонӣ рух додааст. Бар асари таркиш 1 нафар ба ҳалокат расида, 8 каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Коршиносони соҳа мегӯянд, ки дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон ба Олмон тавассути ҳавопаймоҳо ду миллион гулӯла ҳаво дода шудааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






